Дар чанд ҷумла
Клубҳои шабона дар Самарқанд макони танфурӯшон шудаанд. ВИДЕО

Фаъолони "Иттиҳоди ҷавонони Узбакистон" ҳамроҳ бо кормандони мақомоти қудратӣ дар клубҳои шабонаи Самарқанд рейд гузарониданд. Хабар дода мешавад, ки нисбати соҳибони чунин муассисаҳо чораандешӣ шуда, сарнавишти баъдии духтарони боздоштшуда номаълум аст.
Расонаҳо менависанд, ки дар ҳафт клуби шабонаи Самарқанд чандин қонуншиканӣ ошкор шудааст.
"Барои мисол, клуби "Jeyran" ба фоҳишахона табдил шуда, духтарони наврас онҷо танфурӯшӣ мекунанд. Духтарони нимаӯрён дар пешорӯи меҳмонон рақсҳои беодобона мекунанд", - менависанд расонаҳо.
Яке аз духтарони боздоштшуда, ки 20 сол дорад, дар идораи пулис гуфт, вазъи бади хонаводагӣ ӯро маҷбур кардааст, бо тани нимабараҳна рақс кунад.
Дар рафти рейд 11 духтар дар клубҳои шабонаи Самарқанд боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Саида Мирзиёева як ёвари аслии падараш Шавкат Мирзиёев шуд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дигарбора мақоми раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро барқарор карда ва духтараш Саида Мирзиёеваро дар ин мақом гузоштааст.
Мансаби мазкурро Шавкат Мирзиёев соли 2023 аз байн бурд ва раиси онвақта Сардор Умурзоқовро мушовири махсуси президент таъйин кард. Саида Мирзиёева аз соли 2023 дастёри раиси ҷумҳури Узбекистон аст ва то он сол, раҳбари бахши робита бо ҷомеа ва сиёсати иттилоотии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ буд.
Дар Тоҷикистон ҳам сардори дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Озода Раҳмон, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Мусоҳибони бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар зинаҳои ҳукуматӣ боло рафтани Саида Мирзиёева баёнгари он аст, ки раиси ҷумҳур дар идораи давлат фақат ба хонавода ва атрофиёни наздикаш такя мекунад ва ё фарзандони худро барои мақомҳои баландтар омода месозад.
Ба гуфтаи сиёсатмадорони узбек, Мирзиёев шояд ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури собиқи Туркманистон пайравӣ кунад, ки мақоми хешро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов дод.
Дар Гурҷистон чаҳор сиёсатмадорро ба зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи Гурҷистон раҳбарони се ҳизби мухолифи давлатро аз 7 то ба 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Дар муҳокима дар шаҳри Тифлис дар рӯзи 23-уми июн додрас ҳамчунин ҳарсе нафарро барои ду сол аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ маҳрум кард. Бар асоси қарори додгоҳ, Мамук Хазарадзе ва Бадри Ҷапаридзе, муассисон ва раҳбарони ҳизби Гурҷистони тавоно бояд 8 моҳ ва Зураб Ҷапаридзе, муассиси ҳизби “Гирчи” ҳафт моҳи зиндагиашонро паси панҷара сипарӣ кунанд.
Сиёсатмадорони гурҷиро бо гуноҳи наомадан ба ҷаласаи комиссияи тафтишотии порлумонӣ ҷазо додаанд, ки фаъолияти ҳукумати пешинро таҳқиқ мекард. Зураб Ҷапаридзе пеш аз эълони ҳукм дар боздошт буд.
Мамук Хазарадзе ва Бадри Ҷапаридзеро шоми 23-уми июн дар назди тарафдоронашон, намояндагони дигар нерӯҳои мухолифи давлат ва Саломе Зурабишвили, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон дастгир карда, бурданд. Ҳар чаҳор сиёсатмадор мегӯянд, ки гуноҳе накардаанд ва таъқиби онҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
1400 нафарро барои беэътиноӣ ба "Қонуни танзим" ҷарима бастаанд

Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо нафарро барои риоят накардани қонуни баҳсбарангез «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ба ҷавобгарӣ кашида ва аз онҳо миллионҳо сомонӣ ҷарима ситонидаанд.
Бино ба омори расмии Додгоҳи олӣ, соли 2024 додгоҳҳои Тоҷикистон 1435 парвандаи маъмурӣ барои риоят накардани ин қонунро баррасӣ карда, бештар аз 1400 нафарро ҷарима бастаанд. Бар ибораи дигар рӯзона дар кишвар 3 нафар барои беэътиноӣ ба қонуни мазкур ҷарима шудаанд. Аз ин афрод, ки бар хилофи қонун, ҷашни бошукӯҳе баргузор кардаанд ва ё масалан “оши худоӣ” додаанд, дар умум бештар аз 11 миллион сомонӣ ва ё 1,1 миллион доллар ҷарима ситонидаанд.
Бар асоси қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ки аввалин бор соли 2007 қабул ва сипас чанд бор ислоҳ шуд, дар Тоҷикистон баргузор кардани зиёфату, ҷашнҳои бошукӯҳ, ё маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон манъ аст.
Қонуни мазкур баъди қабул баҳси зиёдеро дар ҷомеа барангехт, чун иддае онро дахолати давлат ба зиндагии шахсии мардум меномиданд. Ҳукумат мегуфт, ҳадаф аз қабули қонун “ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.”
Парвандаи ҳамла ба "Крокус" ба додситонӣ фиристода шудааст

Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҳамла ба толори консертии "Крокус"-ро ба додситонӣ фиристодааст, то онро ба додгоҳ ирсол кунад.
Дар доираи ин парванда 19 нафар боздошт шудаанд, ки аксарашон шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Аз ҷумла, мақомоти Русия мегӯянд, чор иҷрокунандаи асосии ҳамла Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Фаридуни Шамсиддин ва Саидакрам Раҷабализода шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Дар Тоҷикистон бисёриҳо бо ишора ба номувофиқатӣ ва эътирофҳои зери шиканҷа ба фарзияи расмии Русия шубҳа доранд.
Кумитаи тафтишотии Русия эълон кардааст, ки ҳамла ба толори консертии "Крокус" аз сӯи мақомдорони украинӣ тарҳрезӣ шудааст. Киев қаблан ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда буд. Баръакс гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри навори ҳамла, масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифт.
Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, тафтишот алайҳи ду ташкилкунандаи ин ҳамла ва чор ширкатдори эҳтимоли он идома хоҳад кард. Ин афрод таҳти таъқиб буда, вале номашон ифшо намешавад.
Поёни моҳи апрел мақомоти ҳифзи қонуни Русия гуфтанд, ки парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-ро моҳи июн ба додгоҳ мефиристанд. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҳамла ба "Крокус" 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид.
Бисту як корхонаи давлатӣ соли гузашта ба ҷойи фоида зарар дидаанд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 21 корхонаи давлатӣ, бахусус корхонаҳои азим фаъолияти худро бо маблағи умумии 2.3 миллиард сомонӣ ва андаке бештар аз 230 миллион доллар зарар ҷамъбаст кардаанд.
Дар ин миён ширкати “Барқи Тоҷик” дар мақоми аввал аст, ки 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ на фоида, балки зиён дидааст. Яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, яъне “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ҳам фаъолияти хешро дар соли 2024 бо андаке бештар аз 180 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ ҷамъбаст кардааст.
Дар гузориши вазорати молия дар бораи фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки Радиои Озодӣ ҳам нусхае аз онро рӯзи 23-уми июн дид, омадааст, “яке аз сабабҳои асосии бо зарар ҷамъбаст намудани фаъолияти молиявии корхонаҳо, афзоиши хароҷот, аз ҷумла хароҷот вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, таъмирҳои ҷорӣ, хариди таҷҳизоту васоили ғайрисоҳавӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ ва ба ин монанд дигар хароҷотҳои бесамар, ба шумор меравад.”
Бар асоси таҳлили вазорати молияи Тоҷикистон, корхонаҳои давлатӣ дар солҳои 2023-2024 барои корҳои сохтмонии ғайрисоҳавӣ маблағи, ободкорӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ ва хайрия бештар аз 224 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.
Созмонҳои байналмилалии молӣ, ки ба Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодӣ ва босамар кардани кори ширкатҳои азим кӯмак мекунанд, борҳо аз ҳукумат хостаанд, фаъолияти ин муассисаҳоро шаффоф созад ва дар бораи аҳволи иқтисодии онҳо гузориш диҳад. Қарзҳои баъзе аз ин корхонаҳо сабаб шудааст, ки онҳо дар баргардонидани қарзҳои боимтиёзи созмонҳои байналмилалӣ ҳам таъхир кунанд.
Дар ҳамлаҳои Русия ба Киев шаш нафар кушта шуд

Дар пайи ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Киев дастикам шаш нафар кушта шуда, 19 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ин ҳамлаҳо шаби 23-юми июн анҷом шуд.
Ба иттилои Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина, фавтидагон сокинони мулкӣ буданд.
Додситонии Херсон ҳам гузориш додааст, ки як сокини ин вилоят ҳам дар ҳамлаи артиши Русия кушта шуд.
Шаҳрдории Киев гуфт, дар натиҷаи зарбаи неруҳои Русия як қисмати бинои панҷошёна дар ноҳияи Шевченко хароб шуд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин чанд коргоҳ, ошхона ва нуқтаи тиҷоратӣ дар вилояти Киев зарар дидааст.
Тибқи иттилои мақомоти Украина, шаби 22 ба 23-юми июн неруҳои Русия ба сӯи шаҳрҳои Украина 350 паҳпод ва 11 мушаки баллистики партоб карданд. Мақомоти Украина мегӯянд, 7 мушак ва 146 паҳподро дар осмон нобуд карданд.
Рӯзноманигори "Қрим.реали" баъди чор сол аз зиндони Русия озод шуд

Владислав Есипенко, ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва рӯзноманигори лоиҳаи "Қрим.реали" баъди чор сол аз зиндон озод шуд.
Мақомоти Русия соли 2021 Есипенкоро дар нимҷазираи ишғолии Қрим боздошт ва ба ҷамъоварии маълумот барои Хадамоти махсуси Украина гунаҳкор карданд. Хабарнигор иттиҳомро рад карда буд.
Роҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҳукуматҳои ИМА ва Украина барои талошҳояшон дар озодии ин хабарнигор ташаккур карданд.
Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Владислав беш аз чор сол ғайриқонунӣ ва барои гуноҳи нокарда зиндонӣ шуд. Ӯ барои инъикоси воқеият дар нимҷазираи ишғолии Қрим баҳои баланд пардохт кард. Барои ин кор ӯро шиканҷа карданд. Мо хушҳолем, ки ӯ ба назди ҳамсар ва духтараш баргашт, вале наметавонем фаромӯш кунем, ки мақомоти Русия ба хонаводаи Владислав чӣ озорҳое расонданд."
Владислав Есипенко шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Моҳи феврали соли 2022 додгоҳи Русия дар нимҷазираи ишғолии Қрим ӯро бо гуноҳи ҷосусӣ ба шаш сол зиндон маҳкум кард. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро бофтаву сохта хонданд.
Додгоҳи олии зери назорати Маскав баъдан ҳукми Есипенкоро то панҷ сол зиндон пойин овард.
Пас аз чанд моҳ, Есипенко ба "нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи тарканда" низ муттаҳам шуд. Худаш иттиҳомро қотеъона рад кард.
Баъдан додситонӣ иқрор шуд, ки норинҷаки "кашфшуда" аз мошини Есипенко изи ангуштони ӯро надорад. Вай ҳамчунин иттиҳомҳоро дар ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ барои Украина дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рад кард.
Есипенко дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта буд, ки ӯро бо зарбаи барқ шиканҷа кардаанд, то ба гуноҳи бардурӯғ иқрор шавад.
Ҳушдори Котиби давлатии Амрико дар бораи бастани тангии Ҳурмуз

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар бораи бастани гулугоҳ ё тангии Ҳурмуз ба Эрон ҳушдор дод. Рубио гуфт, бастани ин тангӣ барои Эрон "худкушии иқтисодӣ" аст.
Рӯзи 22-юми июн баъзе расонаҳои маҳаллии Эрон гузориш доданд, ки дар пайи ҳамлаи Амрико ба се таъсисоти ҳастаии Эрон, Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо бастани тангии Ҳурмуз мувофиқат кардааст. Акнун Шӯрои амнияти Эрон бояд дар ин бора тасмим гирад.
Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико 22-юми июн дар суҳбат бо шабакаи Fox гуфт, Чинро ташвиқ мекунад, ки дар ин мавзуъ бо Теҳрон гуфтугӯ кунад, чун Пекин барои интиқоли нафт аз тангии Ҳурмуз вобастагӣ дорад.
Гулӯгоҳ ё тангии Ҳурмуз барои бозори нафти ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дорад. Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи транзити нафт дар ҷаҳон аз гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз мегузарад, ки халиҷи Форс ва баҳри Арабро ба ҳам мепайвандад.
Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, ки ҳамзамон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед низ ҳаст, иқдоми эҳтимолии Эрон дар бораи бастани тангии Ҳурмузро “иштибоҳи ҳавлнок” номид. Рубио бидуни ишора ба ҷузъиёт гуфт, ки агар Эрон тангии Ҳурмузро бандад, "гузинаҳое барои бархӯрд бо инро дорем."
Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ба ниҳодҳои ҳастаии Эронро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи ҳавоии артиши Иёлоти Муттаҳида ба се ниҳоди ҳастаии Эронро "қатъиян маҳкум намуд."
Дар изҳороти Вазорат, ки шомгоҳи 22-юми июн нашр шуд, аз он нигаронӣ шудааст, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”
Тоҷикистон аз Созмони милал, Оҷонсии байналмилалӣ оид ба ҳастаии энержӣ (IAEA) ва дигар созмонҳо даъват кардааст, ки “барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа” талош кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, гуфтугӯҳои дипломатиро роҳи ҳалли муноқиша медонанд ва аз талошҳо барои коҳиши таниш дар Ховари Миёни пуштибонӣ хоҳанд кард.
Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21 ба 22-юми июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи Амрикоро "такондиҳанда ва нанговар" хонд, ки "пайомадҳои мондагор хоҳад дошт."
Мақомоти Эрон мегӯянд, ду рӯз қабл аз ҳамлаи Амрико урани ғанишуда ва кормандони таъсисоти ҳастаиро ба дигар ҷой кӯчонда буданд. Доналд Трамп дар паёме ба мардуми Амрико эълом кард, ки ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон ба таври комил нобуд шудаанд.
Исроил: ҳамлаҳо ба Эрон идома меёбад

Артиши Исроил эълон кард, ки дар Эрон "ҳадафҳои дигаре" дорад ва барои ҳамин амалиёти низомии ин кишвар алайҳи Теҳрон идома меёбад.
Эфи Дафферин, сухангӯи артиши Исроил 22-юми июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, "то замоне, ки ба ҳадафҳои худ нарасем, ба амалиёти худ идома медиҳем."
Исроил пештар гуфта буд, ки ҳадаф аз ҳамла ба Эрон, пешгирӣ аз дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ аст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Тибқи эълони раиси ҷумҳури Амрико, ҳавопаймоҳои ин кишвар шаби 21 ба 22-юми июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар шабакаи X (Твиттер) навишт, Амрико бо ҳамла ба таъсисоти "сулҳомез"-и ҳастаии Эрон, маншури СММ, қонунҳои байнулмилалӣ, азҷумла Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро поймол кардааст.
Як хешованди наздики Башор Асад дар Сурия боздошт шуд

Мақомоти Сурия писари амаки Башор Асад, президенти сарнагуншудаи ин кишварро дастгир кардаанд. Дар ин бора 21-уми июн хабаргузори давлатии CAHA хабар дод. Вазорати корҳои дохилии Сурия ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст.
Дар изҳороти расмӣ омадааст, ки Васим Асад “яке аз қочоқбарони калони маводи мухаддир дар Сурия аст ва дар ҷиноятҳои ҳукумати пешин ҳам даст дорад.”
Хабаргузории расмии Сурия навиштааст, Васим Асад дар минтақаи марзӣ бо Лубнон дастгир шуд. Ҳанӯз расман хабар дода нашудааст, ки ин хешованди Башор Асад ба чӣ муттаҳам мешавад.
Васим Асад соли 2023 аз сӯи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуда буд. Ӯро ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва роҳбарии як гуруҳи шибҳинизомии наздик ба Башор Асад айбдор мекарданд.
Худи Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 баъди суқути ҳукуматаш ба Русия фирор кард. Маскав ба ӯ ва оилааш паноҳандагӣ дод.
Дар ҳамлаи Эрон ба Исроил 18 кас захмӣ шудааст

Субҳи 22 июн дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон дастикам 18 кас дар Исроил захмӣ шудааст. Дар ин бора идораи наҷотдиҳандагон дар Исроил хабар додааст.
Ба қавли ин манбаъ, шуморе аз сохтмонҳо дар шаҳрҳои Ҳайфа ва Тел-Авив низ осеб диданд. Аз ҷумла ба ду сохтмон дар пойтахти Исроил зарар расидааст, ки паноҳгоҳ доштанд.
Пештар баъзе расонаҳои Исроил, азҷумла телевизиони “Кан” ва “Шабакаи 12” гузориш доданд, ки субҳи 22 июн дастикам 10 нуқта дар ин кишвар ҳадафи ҳамлаи Эрон қарор гирифт.
Шабакаи телевизионии "Кан" гузориш дод, ки аз 30 мушаки партобшуда аз сӯи Эрон, 10 мушак ба нуқтаҳои марказии Исроил бархӯрдааст.
Наворҳои пахшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дастикам яке аз ин мушакҳо ба шаҳри Ҳайфа ва дигарӣ ба Тел-Авив афтидаст.
Артиши Исроил ба шаҳрвандон хабар додааст, ки метавонанд паноҳгоҳҳоро тарк кунанд.
Вокуниши мақомоти Эрон ба ин ҳамла феълан дастрас нест.
Партоби мушакҳо дар ҳоле анҷом мешавад, ки артиши Амрико шаби 21 ба 22-юми июн ба ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон зарба зад. Доналд Трамп дар паёме ба мардуми Амрико эълом кард, ки ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон ба таври комил нобуд шудаанд. Мақомоти Эрон ин сухани Трампро тасдиқ накардаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи ахири Амрикоро нақзи қавонини байнулмилалӣ хонд.
Зеленский: Русия ҷасади 20 сарбозашро ба Украина додааст

Президенти Украина мегӯяд, дар вақти иваз кардани аҷсоди низомиёни кушташуда, Русия ба Киев 20 ҷасади ношиносро додааст.
Владимир Зеленский дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, "масалан, як зархариди исроилӣ ҳаст, ки дар паҳлӯи онҳо меҷангид. Шаҳрванди Исроил. Онҳо ба мо гуфтанд, ки танҳо ҷасади низомиёни украиниро медиҳанд. Аммо ин дурӯғ аст, ки аллакай сабт шудааст," - афзуд Зеленский.
Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин акс ва шиносномаи сарбози русеро нишон дод, ки ҷасадашро ба Киев додаанд.
Зеленский дар посух ба суоли онки Русия ба ин чӣ вокуниш кардааст гуфт, “ҳеч. Мегӯянд, ки ин тавр шуданаш мумкин нест.”
Зеленский бовар дорад, ки Русия бо ин табодули асирон ва ҷасадҳо мехоҳад ба президенти ИМА Доналд Трамп нишон диҳад, ки музокирот карданӣ аст.
Русия ва Украина дар ҳафтаҳои гузашта ҷасади садҳо низомиро иваз карданд.
Хабарнигори пешини "Озодӣ" ва як мухолифи дигари ҳукумати Белорус озод шуданд

Хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ Иҳар Карней ва мухолифи беларус Сергей Тихановский аз зиндон озод шуданд. Раҳоии онҳо пас аз сафари Кит Келлог, намояндаи вижаи президенти ИМА ба Минск ва мулоқоти ӯ бо президент Аляксандр Лукашенко рух дод.
Дар маҷмӯъ 14 маҳбуси сиёсии Беларус озод шудаанд. Онҳоро ба Вилнюс бурданд, гуфт муовини Келлогг Ҷон Коул. Коул қайд кард, ки раҳоии маҳбусон бо талошҳои президенти ИМА Доналд Трамп имконпазир шудааст.
"Мо аз президент Трамп барои раҳоии ин рӯзноманигори ҷасур, ки аз дасти мақомоти Беларус осеб дидааст, хеле миннатдорем. Мо ба котиби давлатӣ Рубио ва тими ӯ, ҳукумати Литва ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ аз хабарнигорони зиндонии мо ташаккур мегӯем",- гуфт дар баёнияе Стивен Капус, раис ва мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
Рӯзноманигори собиқадор Иҳар Карней беш аз 20 сол бо Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт. Ӯ дар моҳи июли соли 2023 дар Минск боздошт ва дар моҳи марти соли 2024 ба иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи "ифротӣ" барои иртиботаш бо Анҷумани рӯзноманигорони Беларус, ба се сол зиндон маҳкум шуд. Ин созмон соли 2023 гурӯҳи "ифротгаро"эълон шуда, ҳоло дар хориҷ аз Беларус кор мекунад.
Дар декабри соли 2024, ҳукми Иҳар Карней ҳашт моҳ дароз карда шуд. Ин дафъа мақомот ӯро ба "нофармонӣ" дар дохили зиндон, гунаҳкор карданд.
Раҳоии Иҳар Карней дар рӯзи 21 июн дар ҳолест, ки моҳи феврали имсол корманди дигари бахши беларусии Радиои Озодӣ Андрей Кузнечик низ бо талошҳои ИМА озод шуда буд. Як ҳамкори дигари онҳо Иҳар Лосик ҳамоно дар маҳбас боқӣ мемонад. Ҳамаи онҳо якҷо бо 400 рӯзноманигори дигар барои бозтоби эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва матолиби танқидияшон аз соли 2020 ба ин сӯ зиндонӣ шудаанд.
Ҳинд гуфт, паймони об бо Покистонро "ҳаргиз" барқарор нахоҳад кард

Вазири корҳои дохилии Ҳинд гуфтааст, ки кишвараш "ҳаргиз" қарордоди оби Индус бо Покистонро барқарор нахоҳад кард.
Амит Шоҳ рӯзи 21 июн дар суҳбат бо рӯзномаи Times of India гуфт, масири обе, ки қаблан ба Покистон сарозер мешуд, тағйир дода хоҳад шуд, то дар дохили худи Ҳинд истифода шавад.
Ҳинд ин қарордодро пас аз ҳамлаи моҳи апрел ба гурӯҳе аз сайёҳон дар Кашмир, боздошт. Ҳинд иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯён дар Кашмир, ки аз сӯи Покистон ҳимоят мешаванд, анҷом доданд.
Муоҳида ё паймони оби Ҳиндус дар соли 1960 бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ миёни Ҳинд ва Покистон имзо шуд.
Бар асоси ин паймон, оби се дарёи Ҳинд ба Покистон сарозер мешавад ва наздик ба 80 дарсад аз деҳқонони покистониро бо об таъмин мекунад.
Покистон боздоштани ин паймонро ғайриқонунӣ ва "иқдоми ҷангҷӯёна" хондааст.