Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп аз Исроил хост, бомборони Эронро бас кунад


Доналд Трамп пеш аз сафар ба шаҳри Гаагаи Ҳолланд барои ҳузур дар нишасти НАТО.
Доналд Трамп пеш аз сафар ба шаҳри Гаагаи Ҳолланд барои ҳузур дар нишасти НАТО.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳам Исроил ва ҳам Эронро ба риоят накардани созиши оташбас муттаҳам кард ва бахусус аз Исроил хост, бомборони Эронро бас кунад.

Ӯ рӯзи сешанбе ва чанд соат баъд аз эълони созиши оташбас байни ду кишвар гуфт, аз амалкардҳои ду тараф ва бахусус Исроил “нохурсанд” аст. Пеш аз сафараш ба шаҳри Гаага дар Ҳолланд барои ҳузур дар нишасти НАТО ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: “Исроил. Дигар он бомбҳоро патоб накун. Агар кардӣ, нақзи бузурги (оташбас) аст. Халабонҳоятро ба хона баргардон.”

Пеш аз нишастан ба чархбол дар ҳавлии Кохи Сафед, Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт: “Ман бояд Исроилро ором кунам. Баъди онки мо созиш кардем, онҳо бомбҳои зиёде андохтанд, ба ҳадде ки ман пеш аз ин надида будам. Бомби бисёре зиёд, ки мо шоҳид шудем.”

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, Эрону Исроил то ҳол “муддати тӯлонӣ ва он қадар зиёд ҷангидаанд ва намедонанд, ки .... чӣ кор мекунанд.”

Пештар аз ин Исроил Катз, вазири дифои Исроил гуфт, ки ба артиш амр додааст, ба зидди аҳдофи дигаре дар Теҳрон зарба бизананд, чун ба қавли ӯ Эрон бар хилофи созиши оташбас ба Исроил ҳамла кардааст.

Эрон партоби мушак ба Исроилро рад кард ва гуфт, ки ҳамлаҳои Исроил якуним соат зиёдтар аз замони оғози созиши оташбас идома кардаанд. Бо вуҷуди риоят нашудани созиш аз тарафи ду кишвар дар Ховари Миёна ва фаротар аз он дар саросари кишварҳои ҷаҳон нафаси сабуке кашиданд.

Дувоздаҳ рӯз пештар Исроил ба Эрон ҳамлаҳои ғофилгиронае анҷом дод ва таъсисоти атомиву донишмандони ҳастаии кишвар ва фармондеҳони низомиашро ҳадаф гирифт. Ду рӯз пештар Амрико ҳам ба ин ҳамлаҳо пайваст ба се таъсисоти муҳими атомии Эрон бомбҳои азиме андохт.

Ризо Шарифӣ, як сокини Теҳрон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст: “Мо бисёр ва бисёр хушҳолем. Чӣ касе ва чӣ гуна миёнҷигарӣ кардааст, муҳим нест. Ҷанг тамом шуд, аввал ин ки набояд шуруъ мешуд. Ин сокини Теҳрон баъди оғози ҳамлаҳои Исроил ба Теҳрон, хонаводаашро ба вилояти Рашт дар канори соҳили Баҳри Хазар бурдааст, то аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар амон бошанд.

Арик Даимант, як сокини Тел Авив гуфтааст: “Мутаасифона барои ман ва хонаводаи ман дигар дер шуд, чаро ки хонаи мо дар бомборони рӯзи якшанбеи гузашта батамом вайрон шуд. Вале онгуна, ки мегӯянд, агар дер ҳам буд, хуб шуд. Умедворам, ин оташбас оғози наве бошад.”

Доналд Трамп дар бораи созиши оташбас байни Исроилу Эрон рӯзи 23-уми июн дар шабакаи Truth Social хабар дод. Ӯ навишт: “Созиши оташбас ҳукми иҷро гирифт, лутфан онро вайрон накунед.”

XS
SM
MD
LG