КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дастаи меҳмон – “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод.
Се бозӣ бо ҳисоби якхелаи 2:1 хотима ёфт. Бо ҳамин ҳисоб “Вахш”-и Бохтар дар майдони худ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истаравшан”-и Истаравшан дар бозии хонагиаш бар “Ҳулбук”-и Восеъ пирӯз шуданд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.
Бозии охирини даври 13-ум байни дастаҳои «Барқчӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор рӯзи шанбеи 28-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 оғоз меёбад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот ду даста – КМВА ва “Вахш” - бо 27-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо КМВА дар ҷойи аввал, “Вахш” дар ҷойи дуюм мебошанд. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 24 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудааст
Бояд зикр намуд, “Вахш” ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият мувоҷеҳ нашудааст. “Панҷшер” танҳо дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо се имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду марҳила барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Даври 13-ум
«Истаравшан» - «Ҳулбук» - 2:1
Голҳо: Масрур Қиёмиддинов, 15 (0:1), Ҷаҳонгир Сафаров, 70 (1:1), Сардорбек Саидов, 72 (2:1).
20-уми июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ
КМВА - «Панҷшер» - 5:1
Голҳо: Кевин НД, 11 (1:0), Ҷонибек Шарифов, 50 (2:0), Абдухалил Боронов, 82 (3:0), Анани Ҷулиус Кваси, 86 (4:0), Рамазон Чилаев, 90+2 (4:1), Муясар Мирзоев, 90+4 (5:1).
21-уми июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Равшан» - «Эсхата» - 0:0
21-уми июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1:2
Голҳо: Осуман Қосим - худгол, 17 (0:1). Алишер Ҷалилов, 32 (0:2). Шарафҷон Солеҳов, 78 (1:2).
22-юми июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
«Вахш» - «Хуҷанд» - 2:1
Голҳо: Сиёвуш Асроров, 5 (1:0), Тони Бикатал, 13 (2:0), Артём Сердюк, 66 (2:1)
23-юми июн. Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш»
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
1 | КМВА (Душанбе) | 13 | 8 | 3 | 2 | 26-12 | 27 |
2 | «Вахш» (Бохтар) | 13 | 7 | 6 | 0 | 21-12 | 27 |
3 | «Истиқлол» (Душанбе) | 12 | 7 | 3 | 2 | 15-7 | 24 |
4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 13 | 6 | 5 | 2 | 16-8 | 23 |
5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 13 | 6 | 1 | 6 | 16-17 | 19 |
6 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 13 | 5 | 3 | 5 | 15-13 | 18 |
7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 13 | 4 | 5 | 4 | 19-18 | 17 |
8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 12 | 3 | 5 | 4 | 13-13 | 14 |
9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 12 | 3 | 3 | 6 | 17-19 | 12 |
10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 12 | 3 | 3 | 6 | 16-22 | 12 |
11 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 13 | 2 | 4 | 7 | 12-23 | 10 |
12 | «Панҷшер» (Балхӣ) | 13 | 0 | 3 | 10 | 8-30 | 3 |
Даври 13-ум
28-уми июн (шанбе)
Оғози бозӣ– соати 19:00
«Барқчӣ» - «Ҳосилот»
Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ