Вазири дифои Амрико арзёбиҳои ҳамла ба Эронро "ибтидоӣ" номид

Пит Ҳегсет

Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико гузоришҳои беруномада аз як арзёбии ҳукуматӣ дар бораи зарбаҳо ба се таъсисоти атомии ураниум дар Эронро тасдиқ кард, вале онҳоро «ибтидоӣ» ва «начандон боварибахш» номид. Пештар аз ин чанде аз расонаҳои амрикоӣ бо такя ба афроди огоҳ аз ин арзёбӣ навиштанд, ки бомбборони се маркази асосии атомии Эрон барномаи ҳастаии ин кишварро фақат барои чанд моҳ ба ақиб андохтаанд.

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Пит Ҳегсет, ки рӯзи 25-уми июн дар ҳошияи нишасти НАТО дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд бо хабарнигорон суҳбат мекарданд, қаблан гузоришҳои расонаҳоро ғаразмандона хонданд. Ҳарду барои ширкат дар нишасти НАТО ба инҷо омадаанд. Пит Ҳегсет гуфт, ки FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ба тафтиши он мепардозад, ки чӣ гуна арёзбии Хадамоти Иттилоотии Дифоии Амрико, як шохаи вазорати дифо ба дасти расонаҳое ба мисли См Эн Эн, Ню Йорк Таймс, Вашингтон Пост ва Рейтерс афтодааст.

Дар арзёбӣ омадааст, ки бомборони се таъсисоти атомии Эрон ва аз ҷумла таъсисоти зеризаминии ғанисозии ураниуми Форду натавонистааст, таркибҳои асосии барномаи атомии Эронро нобуд кунад, баръакси гуфтаи Доналд Трамп, ки гуфт, ҳамлаҳо таъсисоти ғанисозии атомии Эронро “комилан ва батамом” аз байн бурдаанд.

Доналд Трамп ба хабарнигорон дар Гаага гуфт, агарчӣ “арзёбӣ ба хулосаи ниҳоӣ нарасидааст, аммо ба бовари ӯ садамаҳо “бисёр сахт” будаанд. Доналд Трамп гуфт, ки таъсисот “батамом нобуд шудаанд” ва ҳамлаҳо барномаҳои атомии Эронро “даҳсолаҳо” ба ақиб андохтанд. Ӯ афзуд: “Онҳо солҳои дароз бомб сохта наметавонанд.”

Аз замони бомбборони 21-уми июн аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, набуди иттилооти дақиқ аз натиҷаи ҳамлаҳо боиси гумоназаниҳо дар бораи таъсиру самари амалиёт шудааст. Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид.