Ду афсари Русияро ба созмондиҳии муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардаанд

Акс аз бойгонист.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Русияро субҳи 25-уми июн навори боздошти ғофилгиронаи ду мансабдори баландпоя аз ҷониби афсарони ниқобпӯш такон дод.  

Телеграм-канали Mash, ки онро вобастаи мақомоти интизомии Русия меноманд, навишт, ки ин ду мақоми пулиси вилояти Калуга ҳастанд ва онҳоро ба сабти номи ғайриқонунии 50 ҳазор муҳоҷири корӣ гумонбар медонанд.

Mash навиштааст, ки боздоштшудаҳо Сергей Григорев муовини раиси шӯъбаи пулиси ноҳияи Жуковский дар вилояти Калуга ва Евгений Солопов раиси идораи тафтишоти ҷиноӣ мебошанд. Бовар меравад, Григорев ва Солопов дар ду соли гузашта аз коргарони хориҷӣ пул гирифта ва ба онҳо дар супурдани имтиҳони забони русӣ ва қонунҳои Русия, гирифтани патент ва сабти ҷойи иқомат ғайриқонунӣ кӯмак мекарданд.

Бар асоси ин санадҳо, муҳоҷирони корӣ расман ҳаққи зиндагӣ ва кор дар Русияро ба даст меоварданд. Григорев ва Солоповро ба қасди ба даст овардани пул аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ гунаҳгор мекунанд. Mash навиштааст, ки дар баробари ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани гумонбарон, пулис аз пайи пайдо кардану санҷиши санадҳо ва ҷазо додани 50 ҳазор касе мешавад, ки аз хадамоти ду мақоми пулис истифода кардаанд.

Ҷузъиёти дигар нашр нашудааст, вале дар гузашта таҳқиқоти пулис дар Русия ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ нишон додааст, ки сабти номи ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ бидуни ширкати маъмурони пулис, ё кормандони идораҳои давлатӣ имкон надорад.

Исми мақомоти вилояти Калуга дар робита бо мавзӯи муҳоҷират дар як-ду соли гузашта хеле зиёд ёд шудааст. Аз ҷумла, раиси вилоят Владислав Шапша бо ташаббусҳои маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирон хеле маъруф шудааст. Аз ҷумла, соли 2022 ин вилоят аз барномаи “Переселение” хориҷ шуд, ки бар асоси он шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон низ шаҳрвандии РУсияро ба даст овардаанд.

Шапша онро чун “як мӯрие барои муҳоҷирон барои роҳ ёфтан ба Русия” номида ва интиқод карда гуфтааст, қатъи барнома муҳоҷиронро дар Калуга се чаҳор баробар кам кард. Ӯ, ки надонистани забони русиро аз ҷониби муҳоҷирони корӣ танқид мекард, як ташаббускори ба мактабҳо қабул нашудани фарзандони муҳоҷирон ва ҷорӣ кардани имтиҳони забон барои онҳо мебошад. Ин пешниҳодро сипас Думаи давлатӣ ба қонун табдил дод.