Дар Қирғизистон вебсайтҳои порнографиро дастнорас мекунанд

Акс аз бойгонист.

Порлумони Қирғизистон қонунеро қабул кард, ки бар асоси он ширкатҳои дастраскунандаи интернет вазифадоранд, дастрасӣ ба вебсайтҳои порнографиро ба тамом қатъ кунанд.

Дар қонуне, ки вакилони мардумии ҳамсоякишвари Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн қабул карданд, мафҳуми “муҳтавои дорои таркибҳои порнографӣ” тасдиқ ва нашри он дар Қирғизистон манъ шудааст.

Дар сурати риоят накардани қонун провайдерҳо ва ё таъминкунандагони интернет ҷарима ва ё аз ҳаққи кор маҳрум мешаванд. Ба қавли вакилон, ҳадаф аз қабули қонун, “ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа” дар Қирғизистон аст.

Марлен Маматалиев, яке аз муаллифони қонун гуфтааст: “Мо имкон фароҳам мекунем, ки ингуна муҳтавои ғайриахлоқӣ, ки бо арзишҳои мардуми мор мувофиқ нестанд ва ба насли ояндаи кишвар зарар мерасонанд, дастнорас карда шавад. Ман медонам, мо ин вебсайтҳоро дар як рӯз баста наметавонем, вале ин қадами аввал аст.”

Азамат Асанов, муовини раиси Хадамоти назорат бар соҳаи мухобирот дар Қирғизистон гуфтааст, ки провайдерҳо қодир ба дастнорас кардани вебсайти муайяне ҳастанд, вале имкони дастрасӣ ба ба онҳо аз тариқи VPN эҳтимол дорад.