Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо нафарро барои риоят накардани қонуни баҳсбарангез «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ба ҷавобгарӣ кашида ва аз онҳо миллионҳо сомонӣ ҷарима ситонидаанд.
Бино ба омори расмии Додгоҳи олӣ, соли 2024 додгоҳҳои Тоҷикистон 1435 парвандаи маъмурӣ барои риоят накардани ин қонунро баррасӣ карда, бештар аз 1400 нафарро ҷарима бастаанд. Бар ибораи дигар рӯзона дар кишвар 3 нафар барои беэътиноӣ ба қонуни мазкур ҷарима шудаанд. Аз ин афрод, ки бар хилофи қонун, ҷашни бошукӯҳе баргузор кардаанд ва ё масалан “оши худоӣ” додаанд, дар умум бештар аз 11 миллион сомонӣ ва ё 1,1 миллион доллар ҷарима ситонидаанд.
Бар асоси қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ки аввалин бор соли 2007 қабул ва сипас чанд бор ислоҳ шуд, дар Тоҷикистон баргузор кардани зиёфату, ҷашнҳои бошукӯҳ, ё маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон манъ аст.
Қонуни мазкур баъди қабул баҳси зиёдеро дар ҷомеа барангехт, чун иддае онро дахолати давлат ба зиндагии шахсии мардум меномиданд. Ҳукумат мегуфт, ҳадаф аз қабули қонун “ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.”