Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии аввали дӯстонаи тими миллии футзали кишвар бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 23-юми июн дар маҷмааи варзишии “Ал-Наср”-и шаҳри Дубай доир гардид.
Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Идрис Ёров дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаҳои 33-юм ва 39-ум, ба самар расонд.
Бозии дуюми дӯстонаи тимҳои миллии футзали Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон дар Дубай рӯзи чоршанбеи 25-уми июн баргузор мешавад.
Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ин бозиҳо 13 нафар – 2 дарвозабон ва 11 бозигарро аз бошгоҳҳои футзали кишвар даъват кардааст.
Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:
Дарвозабонҳо: Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания», Душанбе), Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов, Некрӯз Идиев (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Иқбол Воситзода («Сипар», Хуҷанд), Рамз Амрохонов, Хусрав Холиқназаров (ҳарду аз «Сомон», Душанбе).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
БОЗИҲОИ ДӮСТОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН:
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Идрис Ёров, 33 (0:1). Идрис Ёров, 39 (0:2).
23-юми июн. Дубай. Маҷмааи варзишии “Ал-Наср”.
25-уми июн (чоршанбе)
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Бояд зикр намуд, бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо иштироки тими миллии футзали Тоҷикистон аз 20-ум то 24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд. Рақибони дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ 26-уми июн муайян хоҳанд шуд.
Гуфтугӯ